ларзидан

ларзидан
[لرزيدن]
1. пайдарҳам, тез-тез ва бо фосилаҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ ҷунбидан, такон хӯрдани ягон чиз (ҷои худро дигар накарда); ба раъша афтодан (-и бадан), ларза хӯрдан: дарағ-дарағ (дарақ-дарақ, дир-дир) ларзидани аъзои бадан, пир-пир ларзидани коғаз; замин ларзидан замин ҷунбидан, ба ларза омадани замин
2. маҷ. ҳаросон шуда, ба изтироб афтодан, тарсидан, тарсида ба воҳима афтодан; овози касе ларзидан дар овози сухани касе эҳсос шудани ҳаяҷони сахту изтироб
◊ дили касе ларзидан тарсидан, ҳаросидан, ба воҳима афтодан; ба худ ларзидан сахт ларза гирифтани касе, бо шиддат ларзидани тамоми бадани касе; чун барги бед ларзидан // барги бед барин ларзидан сахт ларзидан аз ғояти тарсу ваҳм

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Смотреть что такое "ларзидан" в других словарях:

  • бед — I [بيد] дарахти бесамари соядор, ки шохҳои росту дароз дошта, бештар дар лаби ҷӯй ва ҷойҳои сернам мерӯяд ва навъҳои зерини он машҳур аст: маҷнунбед, беди сурх (сурхбед), беди сиёҳ (сияҳбед), зарбед, беди сафед ва ғ. ; чун барги бед ларзидан //… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дарақ-дарақ — [درق درق] :дарақ дарақ ларзидан гуфт. бо тамоми бадан ларзидан, сахт ларзидан (аз шиддати сармо, вараҷа, ҳаяҷон ва ғ.) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ларз — I [لرز] асоси замони ҳозира аз ларзидан II [لرز] ларза, ларзиш; табу ларз вараҷа, табларза; тарсу ларз аз шиддати тарс ларзидан; бо тарсу ларз тарсону ларзон; ларз ларз ларзанда, ларзон; ларз хӯрдан ларзидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барг — [برگ] 1. узви аз ҳаво ва аз нури офтоб ғизогирандаи дарахт ва растаниҳо 2. порчаи хамири тунук кардашуда, ки ба он самбӯса, тушбера ва ғ. мепечонанд 3. порае аз харбузаву тарбуз, ки баъд аз коса кардан аз кӯндалангаш бурида мешавад; барги карам… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дараққос — [درقّاس] :дараққос зада ларзидан ниг. дарақ дарақ (дарақ дарақ ларзидан) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ларза — [لرزه] ҷунбиш, таконхӯрии пай дар пай, ларза, раъша; эҳтизоз; ларза афкандан (афгандан) // ларза андохтан ниг. ба ларза андохтан; ларза афтодан ниг. ба ларза афтодан; ларза гирифтан касеро ларзидан; вараҷа гирифтан касеро; замин ба ларза омадан… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ларзиш — [لرزش] 1. исми феълӣ аз ларзидан; ларза, такон, ҷунбиш, раъша: ба ларзиш овардан ларзондан; ба ларзиш омадан ларзидан 2. ҷунбиши муттасили ҷисме, лаппиш …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ларзон — [لرزان] феъли ҳол аз ларзидан; дар ҳолати ларзиш буда, ларзанда: бо дастони ларзон, бо овози ларзон: тарсону ларзон дар ҳолати тарсу ларз, бо тарсу ларз; ларзон шудан ларзидан, ба ларза афтодан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • безгак — [بيزگک] гуфт. табларза, вараҷа; безгак гирифтан а) саршавии бемории безгак; б) маҷ. сахт тарсида ларзидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дағ-дағ — [دغ دغ] калимаи тақлиди овоз, ки ҳолати ларзиши сахти аъзои баданро аз тарс ё сармои шадид ифода мекунад: дағ дағ ларзидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»